Saturday, February 28, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет8 кишвар маъданҳои моҳро истихроҷ мекунанд

8 кишвар маъданҳои моҳро истихроҷ мекунанд

Ҳашт кишвар бо раҳбарии Иёлоти Муттаҳида тавофуқномаеро барои истихроҷи маводи маъдании мавҷуд дар кураи моҳ ё ба иборати дигар «моҳхӯрӣ» имзо карданд.

Созмони кайҳоншиносии амрико NASA эълом дошт, ки маросими имзои онлайни ин созишнома бо номи «Артемида» дар доираи Конгресси байналмилалии фазонавард  баргузор шуд.

Илова бар Иёлоти Муттаҳида Англия, Италия, Канада, Австралия, Япония, Имороти Муттаҳтидаи Арабӣ ва Люксембург низ тавофуқномаи » Артемида»-ро имзо кардаанд.

Дар ин тавофуқнома истихроҷи маводи маъдании мавриди назар қарор гирифтааст ва бар тибқи эъломи НАСА, кишварҳо агарчи ҳаққи эъломи ҳокимият бар бархе манотиқи моҳро надоранд, аммо метавонанд манобеи онро истихроҷ кунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular