Thursday, February 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБа Сомон Эйр иҷозаи парвоз ба Чинро намедиҳанд

Ба Сомон Эйр иҷозаи парвоз ба Чинро намедиҳанд

Бо вуҷуди эъломи азсаргирии парвозҳо миёни Душанбе бо шаҳри Урумчии Чин ширкати Сомон Эйр эълом кард, ки ҳанӯз мақомоти чинӣ ба ин ширкат иҷозаи парвоз надодааст.

Ба гузориши сомонаи Тоҷ Вик, пеш аз ин Икроми Субҳонзода  раиси созмони ҳавопаймоии кишвари Тоҷикистон гуфта буд, ки дар моҳи октябр  парвозҳои ҳафтагӣ миёни ин кишвар бо Чин азсар гирифта мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки чиниҳо ҳанӯз иҷоза барои барқарории дубораи парвозҳо бо Тоҷикистон содир накарда, дафтарҳои фурӯши билети ҳавопаймо дар Душанбе низ ба далели номаълум будани замони парвозҳо ба Чин, ҳанӯз дастуре барои фурӯши билет дарёфт накардаанд .

Бар асоси тавофуқи мақомоти Тоҷикистон ва Чин  қарор буд бо таваҷҷӯҳ ба густариши вируси коронаи ин парвозҳо бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ ва доштани гувоҳиномаи саломатии мусофирон анҷом шавад ва ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр низ қасд дошт аз нимаи дувуми моҳи октябр парвоз ба чинро оғоз кунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular