Wednesday, February 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚаҳрамонии футболи Аврупо 2020 шояд дар Русия баргузор шавад

Қаҳрамонии футболи Аврупо 2020 шояд дар Русия баргузор шавад

Шояд ба далели ҷаҳонгир шудани вируси коруно Қаҳрамонии футболи Аврупо, чуноне тасмим гирифта шуда буд, на дар майдонҳои 11 кишвари қора, балки дар варзишгоҳҳои кишвари Русия баргузор шавад. Дар ин бора нашрияи маъруфи «Le Parisien», нашри Фаронса,  навишта, қайд кардааст, ки дар даврони коронавирус сафари байни кишварҳо мушкил ва хатарнок аст.

Қайд карда мешавад, ки эҳтимолияти баргузории тамоми бозиҳои Евро-2020 дар Русия вуҷуд дорад. Тибқи маълумоти расмӣ, дар ин кишвар сатҳи сирояти коронавирус паст аст. Ғайр аз ин, Русия ба наздикӣ Ҷоми ҷаҳонии 2018-ро баргузор кард, ки ба туфайли он шумораи кофии иншооти инфрасохторӣ дорад.

Евро-2020 мебоист тобистони соли ҷорӣ баргузор мешуд, аммо бо далели оламгир шудани коронавирус, он ба соли 2021 гузаронида шуд. Баргузории он дар 12 шаҳри 11 кишвари Аврупо (12 ассотсиатсияи UEFA) аз 11-уми июн то 11-уми июли соли 2021 ба нақша гирифта шудааст. Дар Русия бояд чор бозии ин мусобиқа баргузор шавад: баргузории се бозии даври гурӯҳӣ ва як бозии чорякниҳоӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ба нақша гирифта шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular