Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШиркатҳои русӣ иҷозаи парвоз ба шаҳрҳои Ӯзбекистонро дарёфт карданд

Ширкатҳои русӣ иҷозаи парвоз ба шаҳрҳои Ӯзбекистонро дарёфт карданд

Баъзе ширкатҳои ҳавопаймоии Русия барои анҷоми парвозҳои мунтазам ба Ӯзбекистон иҷоза гирифтанд.

Бино ба иттилои хабаргузории “Фергана” бо истинод ба фармони Росавиатсия, шарҳ дода мешавад, ки додани иҷозатнома ба ширкатҳо барои барқарор кардани парвозҳо бо хатсайрҳои байнулмилалӣ қарор ё асос шуда наметавонад.

Иҷозатнома ҳуқуқи ширкат мебошад, ки зимни барқарор шудани парвозҳо аз он истифода бурда метавонад.

Тавре аз замима ба фармон бармеояд, минбаъд бо чунин хатсайрҳо Новосибирск — Бухоро, Екатеринбург — Бухоро, Краснодар — Қаршӣ, Москва — Навоӣ, Санкт-Петербург — Нуқус, Екатеринбург — Ургенҷ, Санкт-Петербург — Ургенҷ парвозҳо сурат гирифта метавонанд

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш Тоҷикистону Русия дурнамои барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни кишварҳо, инчунин ташкили парвозҳои чартериро баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот тариқи онлайн масоили барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистону Русия, роҳандозии парвозҳои чартерӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии давлатҳо барои ба ватан бурдани ҳамватанон аз ҳар ду тараф баррасӣ шуданд.

“Ҷониби Тоҷикистон ба барқарор кардани алоқаи ҳавоии мунтазам изҳори омодагӣ кард. Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус дар бораи барқарор намудани парвозҳо қарор қабул кард. Ҷониби Русия низ омода аст, лекин тасмими Ситоди фаврии худро оид ба коронавирус дар мавриди ин масъала интизор аст. Ин масъала байни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дорад”.

Зикр шуд, ки ҳамчунин ҷонибҳо тартиби додани иҷозатнома барои иҷрои парвозҳоро ба ширкатҳои ҳавопаймоии аз ҳар ду ҷониб таъиншуда мувофиқа карданд.

Ёдрас мекунем, ки алоқаи ҳавоии мунтазам байни Тоҷикистону Русия охири моҳи март бар асари пандемияи коронавирус қатъ шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular