Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТахриби бинои нави Бонки Миллӣ шурӯъ шуд

Тахриби бинои нави Бонки Миллӣ шурӯъ шуд

Тахриби бинои ҷадиди Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои сохти боғи  ба номи 30 солагии Истиқлол оғоз шуд.

Ба гузориши Тоҷ век, дар Бонки миллии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфтаанд, ки кормандони ин ниҳод акнун дар бинои мавсӯм ба “Душанбе Плаза”, ки Зайд Саидов, сохта буд, фаъолият мекунанд. Зайд Саидов фаъоли бахши хусӯсӣ ба 28 соли зиндон маҳкум шуда ҳоло дар зиндон аст. 

Бинои дар ҳоли тахриби Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2005 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.  Акнӯн бо тасмими шаҳрдории Душанбе ба ҷои он Боғи 30 солагии истиқлоли Тоҷикистон сохта мешавад.

Ин боғи ҷадид дар масоҳати 29 гектар дар канори Донишгоҳи омӯзгорӣ, меҳмонхонаи Авесто ва Кохи Ваҳдат бо ҳафт дарвозаи вурӯдӣ сохта хоҳад шуд.

Ҳамчунин сохти бурҷе бо номи “Тоҷ” дар ин боғ ба баландии 121 метр ба унвони рамзи истиқлоли Тоҷикистон мадди назар аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular