Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНигаронии Ёдгор Файзов аз фаъолияти милиса ва гурӯҳи ифротии «Авангард»

Нигаронии Ёдгор Файзов аз фаъолияти милиса ва гурӯҳи ифротии «Авангард»

Ёдгор Файзов раиси ВМКБ аз кори милиса дар вилоят натиҷагирӣ карда, аз фаъолияти шуъбаҳои корҳои дохилӣ, шӯроҳои ҷамъиятӣ ва гуруҳи ифротии «Авангард» изҳори нигаронӣ кардааст.

Дафтари матбуоти раиси ВМКБ мегӯяд, ки Ёдгор Файзов, иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020”-ро мавриди барасӣ қарор дода аз камфаъолиятии роҳбарияти шуъбаҳо ва зерсохторҳои милиса, шӯроҳои ҷамъиятӣ ва гурӯҳи «Авангард»  норозиятӣ кардааст.

Раиси вилоят дар мавриди барқарор намудани робитаи мустақиму устувор бо аҳолӣ, соҳиб шудан ба боварии халқ ва шафофияти кор, пинҳон намудани гурӯҳи ҷинояткорон ва дастгирӣ намудани онҳо аз тарафи гуруҳои алоҳида, бахусус ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд.

Файзов, қонуншиканиро маърифати сусти тарбияи ҳуқуқӣ дониста, дар ин маврид роҳбарияти вилоят нисбат ба шӯроҳои ҷамъиятӣ ва гуруҳи «Авангард» низ изҳори норозигӣ байён кардааст. Ӯ  изҳор дошт, ки “дар ҳолатҳои душвор аз онҳо қариб даракеро намеебад”.

Ҳамзамон дар натиҷагирии фаъолияти милитсия кори сусти шуъбачаҳои минтақавӣ, мавқеъгирии заифи онҳо, тарсу боварии мардум аз шоҳидӣ додан дар ин ё он вазъият масъалаи дигари доғи рӯз дониста шудааст. 

“Намегӯям, ки ислоҳоти милитсия дар вилоят ғайриқаноатбахш ҳаст, нокифоя аст, вале масъалаҳои доғ дорем — яъне мукаммал кардани сохтори вазорат, таъмин намудан бо кадрҳои шоиста, ба таври шаффоф кор кардан ва баланд бардоштани эътимоди мардум ба милитсия, дастгирии милитсия аз тарафи ҷомеа ва паст кардани ҷинояткорӣ тавассути фаҳмондадиҳӣ”, — иброз намудааст Ёдгор Файзов раиси ВМКБ.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular