Узрпурсӣ замоне ба вуқӯъ пайваст, ки хулосаи комиссияи махсус оид ба таҳқиқи ҳамлаи террористии санаи 15 марти соли 2019 ба масҷидҳо, ки дар шаҳри Кристчерчи Зеландияи Нав рухдода буд, нашр шуд.
Комиссия ба хулосае омад, ки мақомоти давлатӣ ва муассисаҳое, ки метавонанд нақша ва омодагии террористро пешакӣ муайян кунанд, бидуни таваққуф кор карданд. Сарвазири Зеландияи Нав Ҷасинда Ардерн қайд кард, ки нуқсонҳо дар системаи назорат бар амнияту иттилоот вуҷуд доранд, илова бар ин режими иҷозатномадиҳии силоҳи оташфишон камбудӣ дорад.
Сарвазир аз мусалмонон узрхоҳӣ карду гуфт, ки хадамоти амният ба ифротгароёни мусалмон тамаркуз карда, ба террористони ақидаҳои дигар таваҷҷӯҳи кофӣ надодаанд. Комиссия ҳамин бетаваҷҷӯҳӣ ва маълумот надоштан дар ин самтро сабаби қатъ нашудани ҳамлаҳо донистааст. Сарвазир дар охири суханаш гуфт: «Бо вуҷуди ин, ин камбудии мост ва ман аз номи ҳукумат маъзарат мехоҳам.»
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамла ба ду масҷид дар Кристчерч 51 нафар кушта ва 50 нафар маҷрӯҳ шуданд. Брентон Таррант, ҷавони 29-солаи австралиягӣ, ки ин ҳамларо ташкил кардааст, ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

