Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетӮзбекистон парвозҳои байналмиллалиро аз сар мегирад

Ӯзбекистон парвозҳои байналмиллалиро аз сар мегирад

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дастур дод, ки ҳаракати ҳавоӣ бо як қатор кишварҳоро аз соли 2021 ба роҳ монда, инчунин чораҳо оид ба барқарор ва рушди туризмро таҳия намояд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дастур додааст, ки парвозҳо бо кишварҳои Аврупо, Ҷопон ва Тайланд аз соли 2021 пас аз маҳдудияти тӯлонӣ бинобар пандемияи коронавируси COVID-19 тадриҷан барқарор карда шаванд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президент ин нуктаро Мирзиёев рӯзи гузашта зимни як видеоконфронс оид ба корҳое, ки дар Ӯзбекистон дар соҳаи туризм ва варзиш анҷом дода мешаванд, изҳор намудааст.

Аз ҷумла, ниҳодҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки дар соли 2021 1,7 миллион сайёҳи хориҷиро ҷалб намуда, инчунин хидматрасониро дар ин соҳа ба 370 миллион доллар расонанд.

«Дар робита ба ин, зарурати барқарорсозии марҳила ба марҳила аз соли оянда иртиботи ҳавоӣ бо кишварҳои Аврупо, Малайзия, Индонезия, Покистон, Тайланд, Ҷопон ва роҳандозии самтҳои нави сайёҳии ҳоҷиён таъкид шуд».

Шавкат Мирзиёев ҳамзамон нархҳои гарони чиптаҳои парвозҳои ширкати ҳавопаймоии миллиро танқид карда, барои паст кардани он дастур додааст.

Барои ҳамоҳангсозии кор дар ин самт, тасмим гирифта шуд, ки як комиссияи байниидоравӣ таъсис дода шавад, ки бо ташкили парвозҳо, содда кардани гирифтани иҷозатномаҳо, васеъ кардани ҷуғрофияи парвозҳо ва беҳтар намудани хизматрасонии фурудгоҳҳо сарукор дорад, илова намуд хадамоти матбуот.

Қаблан, як намояндаи Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар дода буд, ки парвозҳо ба кишварҳое, ки вазъи коронавирус ҷиддӣ боқӣ мондааст, алахусус ба Русия, бо парвозҳои махсус идома хоҳанд ёфт.

Мақомоти Ӯзбекистон аз 1 октябр сарҳадҳоро барои вуруд ва баромади ҳама намуди нақлиёт боз карда, сайёҳии воридотиро низ иҷозат доданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular