Sunday, January 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЯк мақоми баландпояи ВКД-и Русия бо 100 миллион рубл пора боздошт шудааст

Як мақоми баландпояи ВКД-и Русия бо 100 миллион рубл пора боздошт шудааст

Раҳбари гурӯҳи зудамали “Запад”-и вазорати корҳои дохилии Русия ҳангоми гирифтани 100 миллион рубл (1,5 миллион доллар) пора боздошт шудааст.

Дар ин бора торнамои Lıfe хабар медиҳад. Аз ин нафари боздоштшуда Юрий Тимченко ном бурда мешавад. Ӯ ҳамчунин роҳбарии Райсати марказии бехатарии дохилии вазоарти корҳои дохилии Русияро ба дӯш доштааст.

Ин боздошт соате қабл дар Санкт-Петербург сурат гирифтааст ва ҳанӯз ҷузъиёташ маълум нест.

Хотиррасон мекунем, моҳе қабл вазири рушди иқтисодии Русия Алексей Улюкаев ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 2 миллион доллар (131 миллион рубл) боздошт шуда буд ва алъон тафтишот нисбати ӯ идома дорад. Ду рӯз қабл додгоҳи шаҳри Маскав боздошти ӯро қонунӣ унвон кард.

Коршиносон ба сатҳи вазирон расидани боздоштҳо дар Русияро ба тарзи мухталиф шарҳ медиҳанд. Гурӯҳе ба ин назаранд, ки барои боло бурдани рейтингаш. давлат ба мубориза бо фасод даст задааст. гурӯҳи дигар ин боздоштҳоро ҷанги дохилиэлитавӣ мехонанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular