Wednesday, April 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАмрико расман Русияро дар ҳамлаҳои сайберӣ гунаҳкор кард

Амрико расман Русияро дар ҳамлаҳои сайберӣ гунаҳкор кард

Вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, Русия дар пушти ҳамлаҳои кибернетикӣ ё сайберӣ ба чандин идораи давлатии Иёлоти Муттаҳида меистад.

Майк Помпео 18-уми декабр ҳамларо «қобили таваҷҷуҳ» хонд ва афзуд, «фикр мекунам, акнун метавонем комилан рӯшан бигӯем, ки ин корро русҳо карданд.»

Ба қавли ӯ, дар ин ҳамлаи сайберӣ аз як пора ё қитъаи нармафзор барои ҷой кардани «код» дар системаҳои давлатии Амрико истифода шудааст.

Президент Доналд Трамп ба таври ошкор ба ин масъала напардохт.

Коршиносони амниятӣ мегӯянд, ҳамлаи сайберӣ имкони дастрасии ҳамлаваронро ба иттилоти ҳассоси давлатӣ имконпазир мегардонад.

Бори аввал дар бораи ин ҳамла рӯзи 13-уми декабр гузориш доданд. Баъзе аз мақомоти амрикоӣ гуфта буданд, ки ҳакерҳои мустақар дар Русия ба ин кор гумонбаранд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular