Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳимзода мактабҳои Ховалингро бо ангишт таъмин мекунад

Раҳимзода мактабҳои Ховалингро бо ангишт таъмин мекунад

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон ваъда кардааст ба мактабҳои ноҳияи Ховалинг аз ҳисоби вазорат ангишт мефиристад. Рамазон Раҳимзода раиси Ситоди навтаъсисшуда оид ба истифодаи сарфакорона барқ аст. 

Ваъдаи вазир дар ноҳияи Ховалинг зимни вохӯрӣ бо “фаъолони ноҳия” садо дод. Аммо ҳаҷми кӯмак зикр нашуд ва маълум нест ҳар мактаб чӣ қадар ангишт дарёфт мекунад.  

Раҳимзода дар вохӯрӣ таъкид кардааст бояд истифодаи қувваи барқ 15 фоиз коҳиш дода шавад.

Дафтари матбуотии вазорат хабар медиҳад вазир “зикр кард, ки  бо корҳои анҷомдодашуда барои зимистонгузаронии мактабҳо ва беморхонаҳо шинос шуд ва аз ҳисоби вазорат онҳоро бо захираи ангишт таъмин менамоянд».

Қаблан Раҳимзода дар як ҷаласа бо намояндагони ин ниҳод ва масъулони соҳаи энергетика ва ширкати “Барқи Тоҷик” дар минтақаи Хатлон дастур дод, ки барои ошкорсозии “барқдуздҳо” санҷишҳо гузаронида шавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular