Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОлимони Саудӣ роҳи нави истеҳсоли барқро кашф карданд

Олимони Саудӣ роҳи нави истеҳсоли барқро кашф карданд

Олимони ихтироъкор аз Арабистони Саудӣ барои тарҳи махсусе, ки поршенҳоро дар зери фарш насб карда аз он қувваи барқ ҳосил мешавад, патенти ИМА-ро гирифтанд. Ин система имкон медиҳад, ки аз ҳаракати одамон дар рӯи фарш барқ ​​ҳосил шавад.

Тибқи пешнияти ҳукумати Шоҳигарии Саудӣ, ин таҷҳизоти навихтироро дар Масҷидулҳаром насб хоҳанд кард. Масҷиди ҳаромро ҳар сол ҳудуди 7 миллион зоир зиёрат мекунанд.

Абдулҳамид Ал Хатиб, ассистенти кафедраи муҳандисии Донишгоҳи шайх Абдулазиз ба расонаҳо дар бораи ин навофарии худ нақл карда гуфтааст: «Барои ба қайд гирифтани ин патент расо як сол вақт сарф кардем».

Таҷҳизоти истеҳсоли нерӯи барқ ​​аз пиёдагардӣ сармоягузории калони молиявиро талаб намекунад. Агар тасмим гирифта шавад, ки технология дар Макка ва Мадина истифода шавад, пас ба шарофати ҳоҷиён миқдори зиёди нерӯи барқи «сабз» тавлид хоҳад шуд. Ихтироъкорон  инчунин пешниҳод мекунанд, ки чунин системаҳо дар ҳама ҷойҳои серодами шаҳр: марказҳои савдо, меҳмонхонаҳо, роҳраву бозорҳо метавон насб кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular