Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВазорати тандурустӣ мушкили аслии марказҳои дармониро гуфт

Вазорати тандурустӣ мушкили аслии марказҳои дармониро гуфт

Муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон камбуди таҷҳизоти пешрафтаи пизишкӣ ва озмоишгоҳӣ дар кишварро мушкили умдаи марказҳои дармонӣ унвон кард.

Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон  дар маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфтааст, ки баррасии авзоъ дар шароити густариши Ковид- 19 нишон дод, ки марказҳои дармонии ин кишвар бо камбуди таҷҳизоти пешрафтаи пизишкӣ ва озмоишгоҳӣ рӯ ба рӯ мебошанд.

Вай таъкид кардааст, ки дар теъдоди зиёде аз бемористонҳои Тоҷикистон ҳанӯз ҳам таҷҳизоти даврони шӯравиро мавриди истифода қарор медиҳанд, ки  бо усули пешрафтаи пизишкии муосир мувофиқат надоранд.

Набуди озмоишгоҳҳои ҷадид низ мушкили дигар бахши тандурустии Тоҷикистон мебошад, ки мӯҷиби хадамоти пастсифат ба маризон мегардад.

Вай аз намояндагони маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон дархост кард, ки тарҳи созшномаи кумаки ройгони 5 миллиону 800 ҳазордолларии ҳукумати Ҷопон барои хариди таҷҳизоти мавриди ниёзи бахши тандурустиро тасвиб кунанд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ ин созшномаро тасвиб кард, ки бар асоси он ҳукумати Ҷопон ба ин маблағ таҷҳизоти мавриди ниёзи марказҳои дармонии Тоҷикистонро таъмин хоҳад кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular