Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНаврасони тоҷик дар майдони худ аз эрониҳо шикаст хӯрданд

Наврасони тоҷик дар майдони худ аз эрониҳо шикаст хӯрданд

Тими мунтахаби футболи наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон дар нахустин рақобати дӯстона аз ҳамтоёни эронияшон шикаст хурданд

Бозии мунтахаби дастаҳо дирӯз 23 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гашта, бо ҳисоби 4 бар 1 ба фоидаи меҳмонон хотима ёфт.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон чор голи чониби Эронро  Алиакбар Ранҷбар, Бежан Нишонбойзода, Муҳаммадризо Кушки ва Ядегар Рустамӣ ба ҳадаф расониданд

Ягона голи ҷониби Тоҷикистонро Амир Иброҳимзода ба ҳадаф расонидааст.

Бозии ҷавобии дастаҳо санаи 26 декабр доир мегардад.

Рақобатҳои тимҳои ҷавонони кишварҳо бошад рӯзҳои 24 ва 27-ум доир мегардад.

Гуфта мешавад, бозии яккачинҳо барои омодагӣ ба рақобатҳои қаҳрамонии Осиё, ки ҳукми интихобии Ҷоми ҷаҳониро дорад, сурат мегирад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular