Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМинбаъд Эмомалӣ Раҳмон метавонад дар троллейбус бепул ҳаракат кунад

Минбаъд Эмомалӣ Раҳмон метавонад дар троллейбус бепул ҳаракат кунад

Ҳукумати Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи мукофотҳои давлатии Тоҷикистон» тағйирот ворид намуд, ки дар онҳо истифодаи бепули нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) барои доранагони унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” пешбинӣ шудааст.

Қарори дахлдор дар ин хусус 17 декабри соли равон аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ қабул шудааст.

То ин дам дорандагони унвони Қаҳрамони Тоҷикистон чунин имтиёзҳо доштанд:

— иловапулии ҳармоҳа ба нафақае, ки барояш таъин шудааст, ба андозаи 100 фоиз;

— мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида дар навбати аввал бо манзил таъмин кардан;

— пардохти ҳаққи манзили истиқоматӣ, ки ӯ ва аъзои оилааш дар он зиндагӣ менамоянд, инчунин пардохти хизматрасонии коммуналӣ ба андозаи 50 фоиз;

— дар мавриди эҳтиёҷ доштан ба табобати осоишгоҳи муолиҷавӣ ҳар сол додани роҳхати ройгон ба осоишгоҳ ва ё хонаҳои истироҳатӣ;

— як маротиба дар як сол дар ҳудуди Тоҷикистон рафтуомади ройгон тавассути нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё байнишаҳрӣ.

То ин дам 6 нафар унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон”-ро доранд: Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular