Маҷлиси наммояндагони Тоҷикистон имрӯз бидуни баррасӣ ва якдилона созишнома байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва ширкати “Ғаюр” дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ тасдиқ кард. Тибқи ин созишнома ин корхона аз пардохти андоз озод шуд. Ин созишнома ҳанӯз моҳи март имзо шудааст.
Тавре қаблан хадамоти матбуоти сарвари давлат , корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении “Ғаюр-Пак” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов бунёд шудааст.
Аз андоз озод кардани боз як корхонаи дигар дар ҳолест, ки мақомоти андоз ба мушкилоти зиёде дар иҷрои нақшаи андоз рӯбарӯ шудаанд. Далели аз андоз озод шудани корхонаи мутааллиқ ба писари собиқ сарвазир шарҳ дода намешавад, аммо то имрӯз асосан корхонаҳое аз андоз озод мешуданд, ки ба яке аз аъзои хонаводаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таъаллуқ доштанд.
Дар ҳамин ҳол як манбаъи Паём гуфт, ки Ғуломов саҳмдори ягонаи ин корхона набуда, холдинги “Авесто Гурӯҳ”, ширкати мутааллиқ ба Рустами Эмомалӣ, ки аз тараф бародарон Мирзоевҳо идора мешавад, дар саҳм шарик аст.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, ки ин созишномаро ба вакилон муаррифӣ кард, хабар дод, ки барои ин корхона аз ширкати «Старлингер анд Ко джиэмбиэйч»-и Олмону Австрия ба маблағи 100 млн сомонӣ таҷҳизот харидорӣ шудааст, ки айни замон дар Осиёи Марказӣ собиқа надорад.
Корхона имконият дорад, ки дар як сол 50 млн дона халтаи полипропиленӣ истеҳсол карда, бо сифати баланд пешниҳоди харидорон намояд. Халтаҳои истеҳсолнамудаи ширкат яккарата буда, истифодаи онҳо ҳам барои муҳит безарар ва ҳам барои истифодабарӣ қулай аст. Дар он 140 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.
Акбар Ғуломов, ки ба воридоти мол аз Чин ба Русия машғул аст, баъди тавофуқ бо бародарон Мирзоевҳо, ки аз Рустами Эмомалӣ намояндагӣ мекунанд, розӣ шудааст дар Тоҷикистон корхона ифтитоҳ кунад.
Саъдӣ Қодирзода ҳамчунин қайд кард, ки Корхонаи “Ғаюр-Пак” дар навбати худ ният дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои корхона дар Душанбе ва Хатлон 4 мактаб ва кӯдакистон бунёд кунад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

