Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет4 бонки ба бӯҳрон гирифторшуда ҳудуди 4 миллиард сомонӣ кӯмак гирифтанд

4 бонки ба бӯҳрон гирифторшуда ҳудуди 4 миллиард сомонӣ кӯмак гирифтанд

Давлати Тоҷикистон ба чаҳор бонки Тоҷикистон, ки ба бӯҳрон ғӯтидаву наметавонистанд пасандозҳои мардумро бозпас диҳанд, ҳудуди 4 миллиард сомонӣ кӯмак кардааст.

Дар иваз ин бонкҳо муваззаф шудаанд пасандозҳои мардумро баргардонанду аз бӯҳрон хориҷ шаванд. Аз ин чаҳор миллард 2 миллиардашро “Тоҷиксодиротбонк” ва 1 милларду 200 миллионашро “Агроинвестбонк” дарёфт кардааст. “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” низ барои раҳоӣ аз бӯҳрон ҳудуди 300 ва 400 миллион сомонӣ кӯмак гирифтаанд.

Дар ҳоле, ки буҷаи кишвар ба мушкили иҷрои нақша рӯбарӯст ва барои пур кардани он ҷаримабандиҳои зиёде расмиву ғайрирасмӣ сурат мегирад, маълум нест, ки давлат ин маблағро аз буҷа ҷудо кардааст ё аз донорҳо кӯмак гирифтааст. 4 миллмард сомонӣ наздик ба 20 дарсади буҷаи солонаи Тоҷикистон аст.

Бино бар иттилои расида, 80 дарсади саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” ба давлат гузаштаанд Тоҷиддин Пирзода, раиси собиқи он дубора ба раёсати ин бонк баргаштааст. маълум нест аз 58 дарсад саҳми Пирзода, ки дар “Тоҷиксодиротбонк” дошт, чӣ қадараш ба давлат гузаштаву чӣ миқдораш ба худаш мондааст.

Тақдири саҳмияҳои “Агроинвестбонк” ҳам маълум нест ва давлати Тоҷикистон ҳеҷ иттилое аз манбаи кӯмаки ҷудошуда ва тақдири саҳмияҳои бонкҳо то ҳанӯз ироа накардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular