Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНизомиёни ИМА бузургтарин пойгоҳи худ дар Афғонистонро тарк карданд

Низомиёни ИМА бузургтарин пойгоҳи худ дар Афғонистонро тарк карданд

Бар асоси тавофуқи Амрико бо гурӯҳи Толибон қарор аст ҳамаи низомиёни хориҷӣ то моҳи апрели соли равон аз Афғонистон хориҷ шаванд

Парс тудей хабар дод, ки низомиёни амрикоӣ бузургтарин пойгоҳи худро дар вилояти Лугар, дар ҷануби Кобул тарк карданд.

Ба иттилои манбаъ, нерӯҳои амрикоӣ пойгоҳи «Фоб Шанк» (Fob Shank) -ро ки бузургтарин пойгоҳи артиши Амрико дар ин вилоят аст, тарк кардаанд ва ин пойгоҳ дар ихтиёри нерӯҳои давлатии Афғонистон қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи мақомҳои низомӣ дар Лугар, то пеш аз тавофуқи Амрико ва Толибон ҳудуди 600 тан аз нерӯҳои вижаи амрикоӣ дар пойгоҳи «Фоб Шанк» ҳузур доштанд, аммо акнун ин шумор ба 300 тан коҳиш ёфт.

Бар асоси тавофуқи Амрико бо гурӯҳи Толибон қарор аст ҳамаи низомиёни хориҷӣ то моҳи апрели соли равон аз Афғонистон хориҷ шаванд.

Ин пойгоҳ, ки дар солҳои ахир то18 ҳазор сарбози хориҷиро ҳам дар худ ҷой дода буд, афзун бар дигар имконот, як фурӯдгоҳ ҳам дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular