Thursday, October 23, 2025
ADS
HomeПаём нетМаросими қасамёдкунии раисҷумҳури нави Ӯзбекистон баргузор шуд

Маросими қасамёдкунии раисҷумҳури нави Ӯзбекистон баргузор шуд

Шавкат Мирзиёев бо ёд кардани савганди расиҷумҳурӣ, ваъда дод, ки “содиқона ба мардуми Узбекистон хидмат намояд, сарқонун ва қонунҳои дигари кишварашро ҷиддан риоя намояд ва ҳуқуқу озодиҳои мардумашро таъмин созад”

Маросими қасамёдкунии (инаугуратсия) раисҷумҳури тозаинтихоби Ӯзбекистон Шакват Мирзиёев дар рафти ҷаласаи якҷояи палатаҳои болоӣ (сенат) ва поёнии (қонунбарор) парлумони (Олий Мажлис) ин кишвар баргузор шуд, Хабар медиҳад ТАСС.

Мирзиёев даст рӯи сарқонун ва Куръон қасам ёд кард, ки “содиқона ба мардуми Узбекистон хидмат намояд, сарқонун ва қонунҳои дигари кишварашро ҷиддан риоя намояд ва ҳуқуқу озодиҳои мардумашро таъмин созад” ва “софдилона вазифаҳои ба дғши раисҷумҳури Қумҳурии Ӯзбекистон гузошта шударо иҷронамояд”.

Тибқи моддаи 92-и сарқонуни ин кишвар, “раисҷумҳур аз замони қасамёдкунӣ дар ҷаласаи Олий Мажлис расман ба маснад расида ҳисобида мешавад”. Раиси Комиссиуни марказии интихобот Мирзо Улуғбек Абдусаломов ба Мирзиёев шаҳодатномаи раисҷумҳури Ӯзбекистонро тақдим кард.

Дар маросими савгандёдкунӣ аъзои КМИ ва ҳукумат, додрасҳои Додгоҳи конститутсионӣ, раҳбарон ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ширкат карданд. Меҳмонони хориҷӣ ба ин маросим даъват нашуда буданд.

Тибқи қонуни ин кишвар маросими савгандӯдкунӣ бояд баъди ду моҳи баргузории интихобот баргузор шавад, аммо мақомоти ӯзбек қарор доданд онро барвақттар анҷом диҳанд.

Шавкат мирзиёев раисҷумҳури дуввуми Ӯзбекистон шуд. Сар аз соли 2003 ӯ дар ҳукумати Ислом Каримов вазифаи сарвазириро иҷро мекард ва дирӯз, 13 декабр аз он вазифа расман истеъфо дод. Баъди ӯ кулли ҳукумати ин кишвар ба истеъфо рафт.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?