Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВазири тандурустӣ тахмин зад коруно тобистон нобуд мешавад

Вазири тандурустӣ тахмин зад коруно тобистон нобуд мешавад

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ки ба эҳтимоли зиёд вируси корона дар  кишвар тобистони имсол нобуд хоҳад шуд.

Ҷамолиддин Абдуллоҳзода гуфтааст, ки бо тадбирҳои андешидашуда дар Ситоди мубориза бо бемории Ковид — 19 дар Тоҷикистон акнун суръати густариши ин беморӣ раванди коҳишӣ гирифтааст ва пешбинӣ мешавад, ки тобистони имсол ин буҳрон поён ёбад.

Вай афзоиши озмоишҳои Ковид — 19 дар ин кишвар, назорати шадид бар афроде ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, риояти тавсияҳои беҳдоштӣ, ҷилавгирӣ аз баргузории нишастҳову таҷаммуоти умумиро аз авомили таъсиргузор дар коҳиши омори мубталоён ба ин беморӣ унвон кардааст.

Абдуллозода гуфтааст, барои пешгирӣ аз интиқоли вируси ҷаҳишёфтаи англисӣ, афроде ки аз Аврупо вориди Тоҷикистон мешаванд, таҳти назорат қарор мегиранд ва дар сурати ниёз карантин мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular