Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМусофирбарҳо байни Тоҷикистону Узбекистон роҳ меафтанд

Мусофирбарҳо байни Тоҷикистону Узбекистон роҳ меафтанд

Ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба зудӣ барқарор мешавад.

Хабаргузории “Тоҷ Вик” иттилоъ дод, ки Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбекистон ахиран қонуни рушди гардишгарӣ дар ин кишварро имзо кард,  бар ин асос Узбекистон ба зудӣ рафтуомади автобус бо шаҳрҳои Тоҷикистонро, ки ба далели густариши вируси корона мутаваққиф шуда буд, барқарор мекунад.

Бар асоси ин барнома, ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни Тошканд, Бухоро, Самарқанд ва Тирмиз бо шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон дубора оғоз мешавад.

Ҳамчунин дар рӯзҳои наздик ҳаракати автобус миёни Ӯзбекистон бо ҷануби Қирғизистон аз тариқи қаламрави вилояти Суғди Тоҷикистон аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ин масири кӯтоҳ имкон медиҳад, ки мусофирон аз шаҳри Тошканд бо убур аз Хуҷанди Тоҷикистон ба маркази вилояти Ӯш, дар ҷануби Қирғизистон мунтақил шаванд.

Ӯзбекистон аз моҳи майи соли 2020 ба далели густариши Ковид -19 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар масирҳои заминӣ бо Тоҷикистону Қирғизистонро мутаваққиф карда буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular