Friday, November 14, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетБа Жириновский 12 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар Киев

Ба Жириновский 12 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар Киев

Дар як мурофиаи судӣ дар шаҳри Киеви Украина Владимир  Жириновский, роҳбари ҳизби либерал демокарти Русияро суд карда истодаанд ва мумкин 12 сол ҳукм гирад. Мурофиаи судӣ бидуни ширкати судшаванда баргузор мешавад. 

Прокурорҳои Украина ба ҷуз Жириновский боз ду аъзои дигари ЛДПР-ро ба терроризм муттаҳам мекунанд.

Дар додгоҳи ноҳияи Шевченский дар шаҳри Киев муҳокимаи парвандаи ҷиноии Владимир Жириновский, сиёсатмадори ҷанҷолии Русия ва раиси Ҳизби либерал-демократ оғоз ёфт.

Бар асоси ин парванда, ду узви дигари ин ҳизб Михаил Дегтерёв — губернатори кишвари Хабаровск ва Алексей Диденко — раҳбари ҷиноҳи ҳизб дар порлумони Русия низ муҳокима мешаванд.

Мурофиаи судӣ дар ғайби ин афрод баргузор мешавад. Ҳамаи онҳоро прокурорҳои Украина ба терроризм муттаҳам мекунанд.

Ба гуфтаи муфаттишони украинӣ, сиёсатмадорони рус дар “таъмини молии” минтақаҳои ҷудоиталаби Донестк ва Лугански Украина саҳм доштаанд.

Раҳбарони ин ду вилоятро, ки худро мустақил эълон кардаанд, мақомоти Украина террорист мешуморад. Бар асоси қонунҳои Украина, дар сурати боздошти сиёсатмадорони рус дар қаламрави он кишвар мумкин аст, онҳоро барои сармоягузории терроризм ба 12 соли зиндон маҳкум кунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?