Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМуовини раиси «Амонатбонк»ба интиқоли ғайриқонунии $15 млн муттаҳам мешавад

Муовини раиси «Амонатбонк»ба интиқоли ғайриқонунии $15 млн муттаҳам мешавад

Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти муовини раиси «Амонатбонк»-и кишвар ба иттиҳоми ҳамдастӣ ба интиқоли ғайриқонунии 15 миллион доллар ба хориҷа хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Юсуфи Раҳмон эълом кардааст, ки корманди Амонатбонк бо насаби Исоев барои интиқоли ғайриқонунии маблағи 15 миллион доллар ба хориҷ аз бародарон Ғуломов се миллиону 280 ҳазор сомонӣ ҳаққи хизмат дарёфт кардааст.

Вай таъкид кардааст, ки бародарон Ғуломов низ ба иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии ин маблағ ба хориҷ, таъсиси чанд ширкат ва эҷоди халал дар бозори муомилоти арзии Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Иттиҳоми дигари ин бародарон анҷоми муомилоти арзии хориҷ аз низоми банкӣ ва гаронфурӯшии арзҳои хориҷӣ унвон мешавад.

Акнун раванди такмили парвандаи ҷиноӣ алайҳи муовини ва бародарон Ғуломов оғоз шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular