Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВоридоти орду гандум ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Воридоти орду гандум ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Соли 2020 ба Тоҷикистон ҳудуди 900 ҳазор тонна гандум ва 80 ҳазор тонна орд ворид карда шуд, хабар медиҳад Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати ҶТ.

Дар муқоиса бо соли 2019 ҳаҷми воридоти гандум ба андозаи 19,1% ва орд — 4,8% зиёд шуд.

Нархи 1 тонна гандуми воридшуда ба ҳисоби миёна 243 доллар ва 1 тонна орд — 261 долларро ташкил дод.

Ба воридоти гандум 95 субъект ё худ ширкатҳо ва орд — 50 субъект машғул шуданд.

Наздики 94%-и гандум аз Қазоқистон ва қисмати боқимонда аз Русия ва Ӯзбекистон ворид шудааст. Воридоти орд аз Қазоқистон қариб 95%, Русия — 5% ва Ӯзбекистон — 0,3% сурат гирифтааст.

Дар Тоҷикистон соли гузашта 864 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ шуда, истеҳсоли орд бо назардошти гандуми худӣ ва воригардида, зиёда аз 830 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, соли 2020 арзиши маҳсулоти нонӣ дар ҷумҳурӣ қариб ба андозаи 14% боло рафт.

Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ инро болоравии нархи орду гандум дар кишварҳои содиркунанда маънидод мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular