Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаиси парлумони Афғонистон ба Тоҷикистон омадааст

Раиси парлумони Афғонистон ба Тоҷикистон омадааст

Мирраҳмон Раҳмонӣ раиси Маҷлиси намояндагон (Вулуси Ҷирга)-и Афғонистон бо як сафари аз қабл эъломнашуда ба Тоҷикистон омадааст. Дар ин бора «Азия Плюс» хабар медиҳад.

Гуфта мешавад раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон субҳи барвақти 30-юми июн аз тариқи парвози Дубай вориди Душанбе шудааст.

Ҳанӯз барномаи сафари раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар Душанбе маълум нест. Интизор меравад, ки Мирраҳмон Раҳмонӣ дар Душанбе бо ҳамтои тоҷикаш Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар мақомҳои раҳбарии Тоҷикистон дидор кунад.

Ба иттилоъи манбаъ, ҳамчунин Мирраҳмон Раҳмонӣ дархости мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро додааст, ки интизор меравад сурат бигирад.

Сафари ин мақоми олирутбаи Афғонистон ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки вазъияти амниятии ин кишвар дар чанд вақти ахир бад шудааст. Бештар аз 50 вулусволӣ ё ноҳияҳои ин кишвар ба  дасти гуруҳи террористии «Толибон» суқут кардаанд.

Аз ҷумла бештари вулусволиҳое, ки ба дасти «Толибон» суқут кардаанд дар вилоятҳои шимолии ин кишвар мебошанд, ки бархе аз вулусволиҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон низ ба дасти «Толибон» афтодаанд.

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular