Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИстифодаи пластик дар Аврупо манъ шуд

Истифодаи пластик дар Аврупо манъ шуд

Аврупо билохира истифодаи пластикҳои якдафъаинаро манъ кард, менависад Euronews.

Ба иттилои манбаъ, қонуни дахлдор ҳанӯз соли 2019 қабул карда шуд.

Он замон барои тамоми кишварҳои Иттиҳоди Аврупо чунин ӯҳдадорӣ вогузошта шуд, ки маҳсулоти пластикиро бояд аз бозор хориҷ кунанд ва сар аз 3 июли соли 2021 истеҳсоли ин навъ маҳсулот пурра боздошта шавад.

Рӯйхати маҳсулоти пластикии манъшуда асбобу зарфҳо, чӯбчаҳо ва тамоми анвои барои рӯзгор лозима, ки аз пластик истеҳсол мешавад, дарбар мегирад

Ҳоло ба тамоми кишварҳои аврупоӣ мӯҳлат дода шуд, ки захираҳои пластикиро дар муддати як сол масраф кунанд ва пас аз ин қонун ба ҳукми иҷро медарояд.

Ба ҳамин минвол, ҳоло дар Аврупо истеҳсоли тамоми намуд маҳсулот, ки аз пластик сохта мешавад, манъ мегардад. Аз ҷумла истеҳсоли пуфак, зарфу шишаҳои пластикӣ, чӯбу халтаҳо ва амсоли инҳо аз истеҳсолот бароварда мешаванд.

Зикр мегардад, ки зиёда аз 80 фоизи партовҳо, ки баҳру уқёнусҳоро ифлос мекунанд, пластик ташкил медиҳад. Ин намуд партов ҳам ба баҳру ҳам ба саломатии инсон хатар эҷод мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular