Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДавраи асосии имтиҳонҳои дохилшавӣ ба охир расид

Давраи асосии имтиҳонҳои дохилшавӣ ба охир расид

Имрӯз давраи асосии имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои миёнаи касбӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон ба охир расид. 

Дар 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ ташкил шуда, довталабон аз 1 то 7 июли соли 2021 имтиҳон супориданд.

Тавре Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон ба расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ иттилоъ додааст, дар марҳалаи асосии имтиҳонҳо, 103429 нафар довталаб худро сабти ном карданд, ки аз инҳо 91504 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 11925 нафари дигарашон хатмкардаҳои мактаби асосӣ (синфи 9) мебошанд.

Тибқи маълумоти расонаишуда, раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати бархат (онлайн) дар сӯйи Марказ пахш карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки натиҷаҳои имтиҳонҳо, хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо, 20‑уми июли соли ҷорӣ эълон мешавад.

Хабаргузории “Азия плюс” менависад, яке аз нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами №71 шаҳри Панҷакент ташкил шуда буд, дидан кардааст.  Тибқи иттилои  хабаргузорӣ, дар ин нуқта 3875 нафар довталаб имтиҳон супоридаанд.

Гуфтанист, соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо дар шароити ҳамагирии вируси куруно баргузор мешаванд ва имтиҳонот таҳти тадобири шадиди беҳдоштӣ мегузаранд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular