Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар гуфтугӯи мустақимаш бо мардум, ки шоми душанбе, 5 июл баргузор шуд, гуфт “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як ҷониби сулҳ буд, на як ҷониби ваҳдат”. Ва таъкид кард, ки бояд байни сулҳ ва ваҳдати миллӣ фарқ гузошта шавад.
“Мо як тарафи сулҳ будему мемонем, новобаста бар он, ки ин сулҳ тамом шуд, ё марҳала шуд, ин масъалаи дигар аст. Аммо мо як тарафи ваҳдат нестем, балки ҷузъи ваҳдатем, чун бар хилофи сулҳ ваҳдати миллии мо бояд ду тараф надошта бошад, ё се тараф надошта бошад. Ин бояд бисёртарафа бошад. Шояд ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамин даҳ миллион тоҷикистонӣ бояд ба фарди худаш як тарафи ин ваҳдати миллӣ бошад, зеро ҷузъи ин ваҳдат аст” — қайл кард ӯ.
Раҳбари Паймони миллӣ таъкид кард “агар мо ин ду маъноро, яне сулҳ ва ваҳдати миллиро аз ҳам ҷудо карда тавонем, масъала ҳал мешавад. Набояд оппозитсия худро як тарафи ваҳдати миллӣ бигӯяд, ё ҳукумат худро як тарафи ваҳдати миллӣ бигӯяд. На, ваҳдати миллӣ моли ҳар як фарди миллат аст ва ҳар як тоҷикистонӣ бояд худашро ҷузъи он бидонад. Фард бояд бубинад, самараҳои ин ваҳдати миллиро бичашад ва бидонаду ҳис кунад. Муҳоҷире, ки дар Русия кор мекунад, бояд бидонад, натиҷаҳои ҳамин ваҳдати миллиро дар ҳамон ҷойи кораш, ҳамон таҳхонае, ки зиндагӣ мекунад, бубинад. Ё худ як нафаре, ки дар хориҷ, дар Олмон зиндагӣ мекунад, ё нафаре, ки дар Тоҷикистон аст”.
Кабирӣ суол гузошт, ки “чӣ гуна ваҳдати миллӣ метавонад бошад, ки ҳокимият ва сарватҳои як кишвар дар дасти як хонавода маҳдуд бошад? Баъд ҳамаи миллат ё тамошобин, ё андозсупор, ё рақскун дар майдонҳо бошаду инро ҳама ваҳдати миллӣ қабул кунем ва ҳама қарсак бизананд? На, ин ваҳдати миллӣ нест”.
Бинандае суол гузошт, ки “рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳукумат ягон чоабиние анҷом надод ва мухолифин ҳам бар хилофи солҳои гузашта хомӯш буданд. Оё шумо бо ҳукумат мувофиқа кардед, ки на онҳо на муҳолифин чорабиние баргузор накарданд? Ё шумо мегӯед, ки дигар бо ин сулҳ пойбанд нестед ва чандон муҳим намешуморед?
Раҳбари мухолифин дар посух гуфт:
— На, ин ҳолат ягон рабте надорад. Мо ҳамагӣ як маротиба дар хориҷ, дар шаҳри Дортмунд санаи 27-уми июнро рӯзи имзои созишномаро ҷашн гирифтем ва як соли дигар як чорабинии маҳдудтар баргузор кардем. Дар хориҷ дигар чор сол мешавад, ки мо ҳеҷ чорабиние марбут ба имзои созишнома баргузор накардем, пас ин ҳеҷ рабте ба он надорад, ки имсол ҳукумати Тоҷикистон як чорабиние васеъ баргузор накард. Аммо чаро ҳукумат накард, ин саволро бояд ба худи ҳукумат дод. Ман шахсан коронавирусро далел намедонам, барои он ки ҳукумати Тоҷикистон қабл аз рӯзи Ваҳдат чандин чорабинии оммавиро баргузор кард ва ҳатто дар як сафари расмии президент, ки мешуд бо як делегатсия пешвоз гирифт, ин қадар мардумро ба фурудгоҳу кӯча оварданд, консертҳо ташкил карданд. Пас коронавирус монеъ нашуд. Ҳоло омодагӣ ба 30-солагӣ ҳам ҳаст. Маълум мешавад, ки ин ҷо як сабаби дигар ҳам ҳаст.
Чаро худи мо дар Урупо дигар ҷашн нагирифтем? Мо дидем, ки дигар на танҳо сулҳ шикаста шуд, балки баъди ин ҳама ҳабс карданҳо ва ҳама ҳодисаҳои баде, ки шуд, дигар комилан аз байн рафт. Дигар зарурате ҳам намонд, чун хеле интиқодҳо ба оппозитсия ҳам ворид шуд ва ман фикр мекунам, ки баъзе интиқодҳо ҷойӣ буд, ҳақ доштанд, бигӯянд, ки ҳоло шумо бо ин ҷашн гирифтани Ваҳдати миллӣ, ки дигар вуҷуд надорад, чӣ паём мефиристед? Он тараф ин ҳамаро ба масхара кашидааст.
Ман ин интиқодҳоро қабул дорам. Мо аксари бародарону хоҳарон ба ин натиҷа расидем, ки бояд талоши худро барои расидан ба ваҳдати воқеӣ идома бидиҳем ва тамаркуз болои масъалаҳои сиёсӣ ва барои оянда кунем ва гузаштаро ҳамчун таърих ёдовар шавем. На ҳамчун масъалаи муҳим, ки болои он дигар вақти худро сарф кунем, чун аз нигоҳи ман ин ҳеҷ натиҷа нахоҳад дод.
Сӯҳбати онлайнии раиси Паймони миллии Тоҷикистон бо мардум ду соат идома кард, ки асосан ба ҷашни Ваҳдати миллӣ, имзои Созишномаи сулҳ ва натиҷаҳои он бахшида шуда буд.
Пахши мустақими гуфтугӯи раҳбари мухолифин бо мардум аз канали ютубии Паймони миллӣ, телевизиони ПаёмТВ ва радиои Паём пахш шуданд. Сабти онро метавонед инҷо бубинед:
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

