Tuesday, April 7, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТанҳо консулгарии Тоҷикистон дар Мазори Шариф фаъол аст

Танҳо консулгарии Тоҷикистон дар Мазори Шариф фаъол аст

Бо вуҷуди баста шудани намояндагиҳои сиёсии аксар аз кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Мазори Шариф, дар маркази вилояти Балхи Афғонистон, консулгарии Тоҷикистон ба фаъолияти хеш идома медиҳад.

Ба далели ташдиди даргириҳо дар атрофи шаҳри Мазори Шариф миёни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон, аксар аз кишварҳои хориҷӣ бо таътилии консулгариҳои хеш, кормандонро ба Кобул мунтақил кардаанд.

Аммо мақомоти вилояти Балх мегӯянд, ки танҳо консулгарии Тоҷикистон ҳамчунон ба фаъолияти хеш дар Мазори Шариф идома медиҳад.

Консулгариҳои Тоҷикистон то соли 2016 дар шаҳрҳои Қундӯз ва Файзободи Афғонистон фаъол буданд, ки ба далоили амниятӣ баста шудаанд.

Акнун танҳо намояндагии сиёсии кишвар дар шимоли Афғонистон, дар маркази вилояти Балх ба кори хеш идома медиҳад. Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон низ фаъол мебошад.

Тайи ҳафтаҳои ахир гурӯҳи Толибон ба ташдиди ҳамалоти хеш аксар аз манотиқи марзи муштараки Афғонистон бо Тоҷикистонро таҳти контрол гирифтаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular