Wednesday, April 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКоронарейтинг: Русия боз дар ҷои чорум қарор дорад

Коронарейтинг: Русия боз дар ҷои чорум қарор дорад

Русия аз рӯи шумораи сироятёбӣ ба  вируси коруно боз ба ҷои чорум баромад. ТАСС менависад, ки то 13 июл дар кишвар ҳамагӣ 5 миллиону 833 ҳазор ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Дар рейтинг Русия аз Фаронса пеш гузашт. Шумораи умумии беморони мубталои коронавирус дар Фаронса 5 миллиону 820 ҳазор нафарро ташкил дод.

Дар давоми чанд рӯзи охир дар Русия беш аз 24 ҳазор ҳолати сироятёбӣ ошкор карда шуд, дар ҳоле ки суръати афзоиш дар Фаронса паст аст. Дар як рӯзи охир тақрибан 7000 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Ҷойи аввалро дар рейтинг ИМА бо (33,9 миллион ҳолат), дуюм — Ҳиндустон бо  (30,9 миллион ҳолат), сеюм — Бразилия бо (19,2 миллион ҳолат) ишғол кардаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular