Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет«Имкони пайдоиши суперкоруновирус вуҷуд дорад»

«Имкони пайдоиши суперкоруновирус вуҷуд дорад»

Ба тахмини мутахассисон имкони пайдо шудани суперкоруновирус вуҷуд дорад.

Иммунолог Эдуард Шунков ҳушдор додааст, ки метавонад як навъи бо суръати  хеле қавӣ ва пуртаъсир  вируси коруно  ба вуҷуд ояд, ки  ба пандемияи шадидтаре  дар ҷаҳон оварда расонад. Суханони ӯро рӯзномаи  “Невские Новости” иқтибос овардааст.

Ба гуфтаи коршинос, шиддати хеле қавии COVID ҳангоми омезиш бо вирусҳои дигар зоҳир мешавад.

Вай гуфт, ки ин бемории ҳамагир  метавонад ба сатҳи ваҳшатноке бирасад, ҳамон тавре, ки дар ҳамони шуйӯъи зукоми испанӣ иттифоқ афтода буд ва ин ҳолат ҷони даҳҳо миллион нафарро аз байн мебарад.  Бо ин ҳол духтур аз як синарияи мусбат ҳам ҳарф зад. Аз назари вай вирус метавонад  он қадар хосиятҳои харобиовари худро аз даст диҳад, ки ба як вируси сирояти муқаррарии мавсимӣ мубаддал шавад. «Ин мизони маргу мир кам хоҳад буд ва самти он ба таври ҷиддӣ зоҳир нахоҳад шуд», — гуфт ӯ.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular