Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚазоқистон барои ҳифзи амнияти марз ба Тоҷикистон кӯмаки техникӣ мерасонад

Қазоқистон барои ҳифзи амнияти марз ба Тоҷикистон кӯмаки техникӣ мерасонад

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 13 июли соли равон ба имзои лоиҳаи созишнома дар бораи мусоидати ҳарбиву техникии ҳукумати Қазоқистон дар таъмини амният дар ноҳияҳои ҳамшафати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дастур медиҳад.

Санадро аз номи ҳукумати Тоҷикистон сафири кишвар дар Қазоқистон ба имзо мерасонад.

Дар лоиҳаи созишнома гуфта мешавад, кумаки ҳарбию техникӣ дар шакли ройгон додани молу мулки ҳарбӣ расонида мешавад.

“Номгӯй ва ҳаҷми молу мулки ҳарбӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори Тарафҳо бо роҳҳои дипломатӣ дар давоми ду моҳ пас аз ба имзо расонидани Созишномаи мазкур мувофиқа карда мешавад”, — зикр мешавад дар лоиҳа.

Гуфта мешавад, кумаки гирифтаашро Тоҷикистон бояд танҳо бо мақсади таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон истифода барад.

Хароҷоти расонидани амволи ҳарбӣ то Душанбе (истгоҳи роҳи оҳани “Роҳатӣ”) аз ҳисоби ҳукумати Қазоқистон таъмин мешавад.

“Анҷоми расмиёти гумрукӣ ва эъломиякунонии амволи ҳарбии таҳвилшаванда дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон мутобиқи қонунгузории Иттиҳоди иқтисодии авруосиёӣ амалӣ мегардад”, — таъкид мешавад дар лоиҳаи созишнома.

Молу мулки ҳарбии таҳвилшаванда аз тамоми намуди пардохту андоз ва боҷҳо озод мебошад.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи май Қазоқистон , ки ният дорад ба Тоҷикистон аз лиҳози ҳарбӣ-техникӣ кумак кунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular