Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИсмоил Ҳания дубора ба раёсати дафтари сиёсии Ҳамос интихоб шуд 

Исмоил Ҳания дубора ба раёсати дафтари сиёсии Ҳамос интихоб шуд 

Ҳамос эълом кард Исмоил Ҳанияро ба унвони раиси дафтари сиёсии худ интихоб кардааст. Ҳамос навори Ғаззаро контрол мекунад ва то кунун борҳо бо нерӯҳои исроилӣ даргир шудааст. 

Исмоил Ҳания рӯзи якшанбе 1 август барои дувумин бор ба раҳбарии дафтари сиёсии гурӯҳи Ҳамос интихоб шуд. Хабаргузории Рейтерз гузориш додааст, ки давраи раҳбарии Ҳамос чаҳор сол аст. 

Исмоил Ҳания аз соли 2017 гурӯҳи Ҳамосро раҳбарӣ мекунад. Интихоботи дохилии Ҳамос ҳар чаҳор сол як бор ба шакли маҳрамона баргузор мешавад. 

Дар давраи раҳбарии Ҳания байни Исроил ва нерӯҳои ин гурӯҳ дар навори Ғазза борҳо даргирӣ рух додааст. 

Охирин даргирии 11 рӯза дар моҳи майи 2021 иттифоқ афтод аст. Дар ин даргирӣ 250 фаластинӣ дар навори Ғазза ва 13 нафар дар Исроил кушта шуданд. 

Ҳания 58 сол дорад ва бо вуруди Ҳамос ба арсаи сиёсат дар соли 2006 муваффақияти бузурги парлумонӣ касб кард. Ў дар январи 2006 ба нахуствазири минтақаи ташкилоти худгардони Фаластин интихоб шуд. 

Манотиқи фаластинӣ аз соли 2007 ба баъд амалан байни Ташкилоти худгардони Фаластин таҳти раҳбарии Созмон фатҳ дар Каронаи бохтарии Урдун ва навори Ғазза ба раҳбарии гурӯҳи Ҳамос тақсим шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular