Аз парвандаи Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари муҳорибаҳои омехта, муфаттишон иттиҳоми барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабиро бардоштаанд. Ҳамин тавр таҳқиқи парвандаи Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари муҳорибаҳои омехтаро ба анҷом расондаанд. Чаҳоршанбе акнун ҳамчун даъватгари сарнагунии ҳокимият тавассути интернет мутаҳам мешавад.
Худи варзишгар ва наздиконаш иттиҳоми даъват ба сарнагунии ҳокимият тавассути интернетро қабул надоранд.
Гуфта мешавад, ин як иттиҳоми ҷиддӣ аст ва аз 8 то 15 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Радиои Озодӣ навиштааст, ки парвандаи Чоршанбе барои баррасӣ ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристода шудааст. Аммо маълум нест, ки мурофиа кай оғоз мешавад.
Дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 11-уми феврал ба расона тасдиқ кардаанд, ки парвандаи Чоршанбиев ба дасти онҳо расидааст. Масъулони додгоҳ гуфтаанд, ки дар бораи оғози мурофиа ба вакилони мудофеъ ва пайвандони варзишгар хабар медиҳанд.
Аз Эътилофи зидди шиканҷа, ки аз ҳуқуқи Чоршанбиев ҳимоя мекунанд, ба расонаҳо ҳазфи як моддаро аз парвандаи Чоршанбиев тасдиқ карданд.
Чоршанбе Чоршанбиев, зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва варзишгари муҳорибаҳои омехта аст. Вай солҳои охир дар Русия мезист ва рӯзи 31-уми декабри соли гузашта аз Русия ихроҷ шуда ва ба Тоҷикистон фиристода шуд. Аммо, Чоршанбиевро дар Фурудгоҳи Душанбе мақомот боздошт карданд. Наздиконаш қазияи ӯро тарҳрезишуда медонанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

