Friday, February 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет«Ҳадяи»соли навии ВКД ва КДАМ ба мардум

«Ҳадяи»соли навии ВКД ва КДАМ ба мардум

Рӯзҳои 29 ва 30 юми моҳи ҷорӣ кормандони ВКД ва КДАМ  3 нафар бародари  Амруллоҳи Низомро бозҷуӣ ва шиканҷа намудаанд. Дар ин бора рузноманигор ва фаъоли сиёсӣ Амруллоҳи Низом дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.  Амруллоҳи Низом яке аз фаъолони сиёсие мебошад, ки дар конфронси ҳуқуқи башари Варшава фаъолона ширкат намуда буд. Ӯ чанде пештар статуси паноҳандагиро ҳам аз кишвари Лаҳистон дарёфт намуд.

Аммо инбор даъвату шиканҷаи бародаронаш ба хотири чӣ бошад чизе нагуфтааст. Агарчӣ аниқ аст, ки ин амал барои фишор овардан ба Амруллоҳ сурат гирифтааст.  Режими Раҳмон хонаводаҳои мухлифонашро ҳамчун гаравгон истифода мебарад ва пас аз ҳар як фаъолияти сиёсии ҷиддии онҳо хонаводаҳояшонро ба кумитаи амният бурда мавриди таҳдид, таҳқир ва шиканҷа қарор медиҳад. Дар ин бора пештар созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар низ гузориш дода буданд.

Дар як соли охир теъдоди зиёди рузноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ба кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд ва ин раванд то ҳол идома дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular