Салиби сурхи ҷаҳонӣ мегӯяд мардуми Мариупол дар камбуди шадиди обу ғизо ва дору ба сар мебаранд ва часадҳо рӯйи замин афтодаанд.
Кумитаи байналмилалии Салиби сурх нисбат ба вуқӯъи як фоҷиаи инсонӣ дар шаҳри муҳосирашудаи Мариупол дар ҷануби Украина ҳушдор дод.
Петер Маурер, раиси ин кумита гуфт, сокинони Мариупол маҷбур шудаанд даҳшати байн маргу зиндагиро таҳаммул кунанд ва аҷсоди ғайринизомён ва ҷангҷуён ҳанӯз дар зери вайронаҳо ё дар хориҷ аз хонаҳо рӯй замин афтодаанд.
Эълом шуда, ки садҳо ҳазор нафар аз сокинони Мариупол бо камбуди шадиди ниёзҳои аввалия монанд ғизо, об ва дору дасту панҷа нарм мекунанд.
Салиби сурхи ҷаҳонӣ аз тарафҳои даргир хост то бар сари шароити оташбас ва роҳҳои тахлияи ғайринизомиён ба тавофуқ бирасанд ва тавофуқи ҳосиларо ҳифз кунанд. Ин ниҳоди байналмилалии бетараф ба Русия ва Украина пешниҳод миёнҷигари додааст.
Дар баёнияи ин кумита таъкид шуда, ки агар ҳар чӣ зудтар имдодрасонӣ ба Мариупол сурат нагирад, ояндагон бо даҳшат ба рӯйдодҳои кунунии шаҳр хоҳанд нигарист.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

