Friday, February 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДимишқ талаб мекунад: додани Асад ва ҷуброн аз Русия

Димишқ талаб мекунад: додани Асад ва ҷуброн аз Русия

Сарвари нави Сурия, Аҳмад аш-Шароо, дар ҷараёни мулоқот бо ҳайати Русия талаб кардааст, ки Башор Асад, ки пас аз сарнагунии режимаш ба Русия фирор кардааст, ба Димишқ таслим карда шавад. Дар ин бора Reuters бо истинод ба манбаъҳои худ хабар додааст.

Ба гуфтаи агентии давлатии Сирия (SANA), дар гуфтугӯҳо инчунин масъалаи пойгоҳҳои низомии Русия дар Тартус ва Ҳмеймим баррасӣ шуд. Димишқ аз Маскав ҷуброн ва эътирофи “хатогиҳои гузашта”-ро талаб кард, аммо ҷониби Русия ин талаботро рад намуд.

Ба иттилои Reuters, ягона созишномаи бадастомада байни ду тараф – идомаи музокирот мебошад. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки равобити миёни Димишқ ва Маскав баъд аз сарнагунии Асад шиддат ёфта, ояндаи ҳузури Русия дар минтақа зери суол қарор гирифтааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular