Monday, March 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШонси «Истиқлол»барои баромадан аз гурӯҳ дар Ҷоми AFC-2022 камтар шуд

Шонси «Истиқлол»барои баромадан аз гурӯҳ дар Ҷоми AFC-2022 камтар шуд

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар  бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2022 аз  дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб  бо  ҳисоби 2:1 мағуб гашт  ва имкони баромад аз гурӯҳро барои худ душвор сохт. 

Аз ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  голи ягонаро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 29-уми бозӣ  ба нишон расонид. Голҳои дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Арабро Кайо Лукас Фернандес,  дар дақиқаи  54 ва   Бернард Анисио,  дар дақиқаи  57 ба ҳадаф расониданд.

Чанд рӯз пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 дар гурӯҳи «А» аз дастаи «Ал-Райян»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Истиқлол» Шаҳром Сулаймонов ва легионери узбекистонӣ Муҳаммад Исоев ба нишон расонида буданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозии навбатии худро дар мусобиқаи пурнуфузи қораи Осиё 15 апрел бо пешсафи гурӯҳи «А»- дастаи  «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, ки дар оғози Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 пайи ҳам ду пирӯзӣ ба даст овард, анҷом медиҳад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular