Tuesday, February 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЯке аз ҳамроҳони собиқи Путин худкушӣ кардааст

Яке аз ҳамроҳони собиқи Путин худкушӣ кардааст

Нашрияи русии MKRU навиштааст, сарҳанге, ки ҷузвдони ҳастаии (ядропортфел) раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро дошт, дар манзилаш дар наздикии Маскав дар ҳоли кушта ёфт шуд. 

Додари Вадим Зимини 53-сола ба хабарнигорон гуфтааст, ки ӯро дар ҳоле пайдо кардааст, ки аз сараш ду тир хӯрдааст ва дар ҳолати вазнин фавран  ба шуъбаи эҳёгарӣ бурдаанд. 

Сарҳанги мустаъфии Хадамоти федеролии амният ҳамеша раҳбари Кремлро ҳамроҳӣ мекард. Ӯ масъули силоҳи ҳастаии ба истилоҳ «тугмаи сурх»-и Кремл буд.

Вадим Зимин қаблан дар замони раисҷумҳурии Борис Елтсин низ ҳамин вазифаро бар дӯш дошт. Баъдан ӯро ба кор дар хадамоти амниятӣ гузарониданд ва дар замони сари вазифа омадани Владимир Путин, Зимин  ба рутбаи дараҷаи сарҳангӣ ноил шуд.

Пас аз ба нафақа баромадан Вадим Зимин дар хадамоти гумрук ба кор даромад ва дар он ҷо ба ҳайси раиси комиссияи тендерии Идораи марказии гумрук фаъолият мебурд. Дар ин миён сардори ниҳоди мазкур аз кор рафта, сардори нав аз у дархост, ки бо хохиши худ аз кор истеъфо дихад, аммо Зимин рад кард.

Маълумоте ҳам ҳастанд, ки ӯ дар ду парвандаи ҷинойӣ  муттаҳам шуда, ба ҳабси хонагӣ маҳкум будааст. Наздиконаш гуфтаанд, Зимин аз натиҷаи ин парванда нигарон ҳам набуд, зеро итминон дошт, ки дар мурофиаи моҳи август сафед хоҳад шуд. Рӯзи 19 июн додараш аз Доғистон ба Маскав парвоз карда, аз вакили бародараш дар бораи ҷараёни баррасии парванда пурсида буд. 

Зимин рӯзи 20 июн дар ҳолати мастӣ ба додараш гуфтааст, ки қасди сӯйиқаст бар ҷони худ дорад. Аммо додараш ӯро аз нияташ баргардониданӣ шуда гуфтааст, ки баъди мурофиаи судӣ кӯмак мекунад, то тиҷорати соҳаи гулпарвариро роҳандозӣ карда даромади хубе бардорад. 

Аммо пас аз муддате Зимин ба ҳуҷраи дигар гузашт ва додараш ӯро дар ҳоли аз сараш паронидашуда дарёфт. Дар наздаш таппончаи травматикии тамғаи  Izh 79-9TM буд.

Бино ба хабарҳои дар рафти тафтишот баромада, ҳамсари Зимин духтур будааст ва  дар як минтақаи амалиёти вижа дар Украина қарор доштааст. Чанде пеш аз ҳодисаи мазкур, духтурзан ба шавҳараш занг зада, аз ҳолати  қашшоқӣ шикоят кардааст. 

Полковники мустаъфӣ аз сабаби аз даст додани вазифа, даромад ва аҳволи кунунии ҳамсараш дар банди  афсурдагӣ қарор дошт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular