Wednesday, March 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет6 хонандаи тоҷик аз Олмон 11 медал оварданд

6 хонандаи тоҷик аз Олмон 11 медал оварданд

Шаш хонандаи МДТ “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Хуҷанд, ки санаи 19-уми июл барои иштирок дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои дақиқ: табиатшиносӣ, математика ва технологияи иттилоотӣ ба шаҳри Франкфурти кишвари Олмон рафта буданд, бо 4 медали тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ ва 1 ҷойи ифтихорӣ баргаштанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар маркази вилояти Суғд маросими истиқболи расмии хонандагони муваффақ баргузор гардид. 

Гуфта мешавад, олимпиадаи фаннӣ санаи 23-юми июл аз фанни математика ва санаи 24-уми июл аз фанни табиатшиносӣ ва технологияи иттилотӣ баргузор гардид. Хонандагони литчей Ҳасанов Сафархон, Аҳророва Ясминахон, Негматуллоев Акмалҷон аз фанни математика ва Мамадҷонов Меҳроҷ аз фанни технологияи иттилоотӣ ҷойи аввал ва соҳиби медали тилло, Маъсумова Фарина ва Саидаҳматзода Салимбек аз фанни математика ва табиатшиносӣ ҷойи 2-юм ва соҳиби медалҳои нуқра, Ҳасанов Сафархон, Аҳророва Ясмина, Мамадҷонов Меҳроч аз фанни табиатшиносӣ ҷойи 3-юм ва соҳиби медали биринҷӣ ва Негматуллоев Акмалҷон аз фанни табиатшиносӣ соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардидаанд.

Дар умум, дастаи олимпии Тоҷикистон дар ин олимпиадаи фаннии сатҳи ҷаҳонӣ 12 ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардидааст, ки ин натиҷаи беҳтарин байни 93 кишвари олам ва наздики 8 ҳазор иштирокчиёни озмун ба шумор меравад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular