Wednesday, March 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОлимони тоҷик доруи зиддин вируси коруно ихтироъ кардаанд

Олимони тоҷик доруи зиддин вируси коруно ихтироъ кардаанд

Олимони тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш доруи зидди вируси коруно сохтаанд. Дар ин бора президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Фарҳод Раҳимӣ дар нишасти хабариаш, ки имрӯз, 29 июл баргузор шуд, хабар дод.

Ӯ гуфт ҳоло ин дору дар остонаи ба қайдгирист.

“Пас аз дарёфти патент дар ин хусус ба ҷомеа маълумоти муфассал пешниҳод мешавад, — гуфт ӯ. — Ҳозир танҳо гуфта метавонам, ки дору бар асоси гиёҳи шифобахши “Ҷорӯбак” (бо русӣ — “Сорго” ё”Парин”) тайёр шуд. Он ҳароратро поин фароварда, муолиҷаи шушро осон мекунад” шарҳ дод Раҳимӣ.

Замони шурӯъи паҳншавии вирус ҳам президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз кашфи чунин доруе хабар дода буд, аммо тақдири баъдии он номаълум монд.

Раҳимӣ инчунин хабар дод, ки дар 6 моҳи соли равон олимон аз рӯи 11 мавзӯъ, аз ҷумла дар бахшҳои риёзиву физика, оптика ва электроникаи квантӣ, амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ корҳои таҳқиқотиро идома доданд.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҳолати 1 июл дар муассисаҳои илмиву таҳқиқотии Академия 372 магистр (дар курсҳои якум ва дуюм) аз рӯи 43 ихтисос таҳсил мекунанд.

Аз шумори умумии аспирантон (унвонҷӯён) 207 нафарашон занон мебошанд. Дар 17 муассисаи Академия 244 докторант таҳсил доранд.

Раиси АМИТ инчунин зикр кард, ки тибқи қарордод бо Академияи илмҳои Беларус15 нафар аз Тоҷикистон ба Минск барои гузаштан аз давраҳои омӯзишӣ оид ба всирусшиносӣ ва COVID-19 фиристода мешаванд.

“Рӯзҳои 26-28 сентябр олимон ва намояндагони Академияи илмҳои кишварҳои ИДМ дар Маскав гирдиҳам меоянд, то ки мушкили норасоии кадрҳо ва дигар масоили мубрами илмро баррасӣ кунанд”, — гуфт Раҳимӣ.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular