Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубли русиро барои имрӯз 9 август низ бетағйир боқӣ гузошт ва он мисли дирӯзу руӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ба 0,1646 баробар аст.
Қурби евро бетағйир дар сатҳи 10,51 сомонӣ боқӣ монд.
Доллари амрикоӣ имрӯз каме мавқеъашро дар баробари сомонӣ аз даст дод ва ба 10,2597 дирам баробар шуд. Дирӯз Бонки миллӣ қурби долларро 10,26 сомонӣ муқаррар карда буд.
****
Қимати тилло ҳам дар биржаҳои Лондон каме поён рафт ва ба 1788 доллару 22 сент барои як унсия таин шуд.
***
Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 95 доллару 92 сент муъомила шуд.
Нархи миёнаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 90 доллару 08 сент муомила шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

