Комиссариатии олии Созмони милали муттаҳид дар умури паноҳандагон рӯзи сешанбе Ангела Меркел, садри аъзами пешини Олмонро ба унвони барандаи ҷоизаи Нансен муаррифӣ кард.
Ҷоизаи Нансен аз сӯи ин комиссариат ба фард, гурӯҳ ё ниҳоде эҳдоъ мешавад, ки ба афроди паноҳҷӯ ва бехонумон кумак кардаанд. Комиссарати олии Созмони милал далели интихоби Ангела Меркелро “азми ӯ дар пазириши паноҳҷуён дар даврони садораташ” унвон кардааст.
Ангела Меркел байни солҳои 2005 то 2021 садри аъзами Олмон буд. Берлин дар давраи авҷи вуруди паноҳҷуён ба қораи Аврупо дар солҳои 2015 ва 2016 беш аз як миллиону 200 ҳазор паноҳҷуро пазируфт.
Кумитаи комиссариати олии Созмони милал дар умури паноҳандагон аз “раҳбарӣ, шуҷоату шафқат”-и Ангела Маркел ситоиш кардааст.
Садри аъзами собиқи Олмон ҳамзамон бо мавҷи вуруди паноҳҷуён ба қораи Аврупо гуфта буд, ки ин рӯйдод “озмуни камсобқа барои арзишҳои аврупоӣ” аст.
Филиппо Гранди, раиси комиссариати олии Созмони милал дар умури паноҳандагон дар вокуниш ба муаррифии Ангела Меркел ба унвони барандаи ҷоизаи Нансен, аз азми садри аъзами собиқи Олмон барои “муҳофизат аз паноҳҷуён ва дифоъ аз ҳуқуқи башар ва усули башардӯстона” ситоиш кард.
Ҷоизаи Нансен барои аввалин бор дар соли 1954 ва ба ифтихори Фритоф Нансен, аввалин комиссари олии Созмони милал дар умури паноҳандагон эҳдо шуд.
Ангела Меркел рӯзи 10 октябр дар маросиме дар Женева ҷоизаи 150 ҳазор долларии Нансенро дарёфт хоҳад кард.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

