Monday, March 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетХуддории ҳайати Қирғизистон аз ширкат дар нишасти минтақаӣ дар Душанбе

Худдории ҳайати Қирғизистон аз ширкат дар нишасти минтақаӣ дар Душанбе

Ҳайати Қирғизистон барои иштирок дар нишасти роҳбарони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодаи Осиёи Марказӣ ба Душанбе наомадааст.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 6-уми октябр гуфтааст, сабабаш маълум нест.

Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон баъди муноқишаи моҳи сентябри имсол, ки аз ду тараф даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт, ба сардӣ гароид.

Нишасти намояндагони идораи ҳолатҳои фавқулодаи минтақа рӯзи панҷшанбе дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд. Намояндагони созмонҳои байнулмилалии идодрасон ҳам буданд.

Иштирокдорон масоили «таҳкими устувории минтақа ба офатҳои табииро» баррасӣ карданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular