Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфт агар дар нишасти кишварҳои Гурӯҳи 20 пешниҳоди мулоқоти Путин ва Байденро бидиҳанд, баррасӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи Лавров, ин музокира дар сурати дур нашудани Русия аз аҳдофи низомии худ дар Укроин қобили баррасӣ аст.
Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия рӯзи сешанбе 11 октябр дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии ин кишвар гуфт Русия ҳеҷ пешниҳоди ҷиддӣ барои музокира аз сӯи давлати Амрико дарёфт накардааст.
Русия Вашингтонро як тарафи муноқишаи Укроин ва калиди ҳали он медонад. Лавров хотирнишон кард агар Вашингтон барои мисол пешниҳоди мулоқот байни Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрикоро дар иҷлоси кишварҳои Гурӯҳи 20 ироа диҳад, Маскав ин мавзӯъро баррасӣ хоҳад кард.
Нишасти кишварҳои гурӯҳи 20 қарор аст дар Болии Индонезия баргузор шавад. Вазири хориҷаи Индонезия қаблан гуфта буд, ки Владимир Путин ва Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин низ дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард.
Вазири хориҷаи Русия дар идомаи суханони худ бори дигар Амрикоро ба дахолати мустақим дар ҷанги Укроин муттаҳам кард ва гуфт Вашингтон на танҳо таслиҳот ба Киев таҳвил медиҳад, балки иттилоот ва додаҳои моҳвораҳоро низ дар ихтиёри раҳбарони Укроин мегузорд.
Вазири хориҷаи Русия таъкид кард: “дар мавриди ҳудуди вазоифе, ки дар чорчуби “амалиёти вижаи низомӣ” барои худ таъйин кардаем ва раисҷумҳур онҳоро тадвин карда тағйире эҷод нахоҳад шуд”.
Русия ҳамлаи ин кишвар ба Укроинро “амалиёти вижаи низомӣ” меномад.
Путин таҷовузи Русия ба Укроинро бо “таҳдиди НАТО аз тарафи Укроин” ва “нозизудоии” ин кишвари ҳамсояи худ тавҷеҳ кардааст. Путин гуфтааст, ки Укроин бояд вазъияти бетарафии худро ҳифз кунад ва илова бар Крим манотиқи Донетск ва Луганск (Донбасс)-ро низ раҳо кунад.
Русия илова бар ин ду минтақа, манотиқи Херсон ва Запорожеи Укроинро низ ба хоки худ илҳоқ кардааст.
Укроин аммо хостори хурӯҷи Русия аз сарзаминҳои ишғолии худ шудааст. Зеленский гуфтааст танҳо пас аз хурӯҷи сарбозони рус аз хоки кишвараш музокира хоҳад кард.
Ишғоли бахше аз сарзамини Укроин тавассути артиши Русия мухолифати ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои Гурӯҳи ҳафт G7-ро низ барангехтааст. Қарор аст ин кишварҳо ҷаласаи фавқулодае баргузор кунанд. Дар ин нишаст Владимир Зеленский низ суханронӣ мекунад.
Дмитрий Песков, сухангӯи кохи Кремл дар вокуниш ба ин нишаст гуфтааст, ҳолу ҳавои ин иҷлос аз қабл мушаххас ва қобили пешбинӣ аст ва “интизороти маҳдуде аз ин нишасти маҷозӣ дорад”.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

