Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетВазорати кишоварзӣ аз ҷамъоварии 1 млн тон ғаллаву 830 000 тон картошка...

Вазорати кишоварзӣ аз ҷамъоварии 1 млн тон ғаллаву 830 000 тон картошка хабар дод

То 2 декабри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 1 миллион тонна ғалла ҷамъоварӣ шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, имсол майдони умумии ғалладона 304,3 ҳазор гектарро ташкил дод.

Аз тамоми ин майдонҳо, аз ҷумла дар вилояти Хатлон, вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ ҳосили ғалла ҷамъоварӣ шудааст.

Ҷамъоварии умумии ғалладона 976 ҳазору 559 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 ҳазору 739 тонна зиёд мебошад.

Ҳамчунин дар ҳамин давра беш аз 820 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ин ҳаҷм аз майдони 31 634 гектар ҷамъоварӣ гардидааст.

Дар ҷумҳурӣ 821 ҳазору 340 тонна ё нисбат ба соли гузашта 185 ҳазору 181 тонна зиёд картошка ҷамъоварӣ карда шудааст.

Коршиносон ба омори ироамекардаи мақомот бо шубҳа менигаранд. Борҳо изованависӣ, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ, ифшо ва расонаӣ шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?