Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид гуфт, ин созмон дар ҳоли баррасии иттилооти мавҷуд дар бораи истифода аз паҳподҳои эронӣ дар ҷанги Укроин аст. Укроин мегӯяд, ахиран 14 «паҳподи сохти Эрон»-и неруҳои Русияро сарнагун кардааст.
Дар рӯзҳои ахир кишварҳои ғарбӣ фишор бар Созмони милал барои баррасии истифода аз паҳподҳои эронӣ тавассути Русия дар ҷанг алайҳ Укроинро афзоиш додаанд.
Чанд рӯз пеш маҳфилҳои дипломатики наздик ба Созмони милал гуфтанд, ки Русия бори дигар ба Эрон суфориши садҳо паҳпод ва мушакҳои баллистик додааст.
Бар асоси гузоришҳои гуногун, Эрон ирсол паҳпод ба Русияро аз моҳ августи соли ҷорӣ оғоз кардааст. Ҷумҳурии исломӣ аввал ин хабарро такзиб кард, аммо пас аз муддате эътироф кард, ки ирсол паҳподҳои интиҳорӣ аз навъи “Шоҳид 136” ба Русия пеш аз оғози ҳамлаи Русия ба хок Укроин сурат гирифтааст.
Ин паҳпод, ки қисмҳои он сохти кишварҳои мухталиф аст, бо суръати боло ҳаракат мекунад ва пас аз бархӯрд ба ҳадаф хисороти сангине ба ҷо мегузорд.
Русия пофишорӣ мекунад, ки Гутерриш ҳеҷ маъмурияте барои фиристодани коршиносони Созмони милал ба Укроин барои баррасии маншаъи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин надорад.
Маскав иддао мекунад, ки паҳподҳои мавриди истифода дар ҷанги Укроин бо ном «Геран» танҳо аз рӯй намунаи эронии “Шоҳид” сохта шуда ва тавлиди бумии худ Русия ҳастанд.
Пештар гуфта шуд, ки ин паҳподҳо барои истифода дар ҳавои бисёр сарди Укроин муносиб нестанд. Аммо Юрий Игнат, сухангӯи фармондеҳии неруи ҳавоии Укроин рӯзи чаҳоршанбе, ҳафтум декабр ба шабакаи телевизионии ТСН-и Укроин гуфт: “ҳавои сард наметавонад монеъ аз амалиёти паҳподҳои интиҳории сохти Эрон шавад.”
Хабаргузориҳо гузориш доданд, ки неруҳои Русия шомгоҳи сешанбе барои нахустин бор дар се ҳафтаи гузашта истифода аз паҳподҳои эронии “Шоҳид-136” ва “Шоҳид-131”-ро аз сар гирифтаанд. Гуфта мешавад, ки бо ин паҳподҳо ба зерсохтҳои ғайринизомии ҳаётӣ дар вилоятҳои Днепропетровск ва Запороже дар шарқи Укроин ҳамла шудааст.
Ба гуфтаи Юрий Игнат, падофанди ҳавоии Укроин шомгоҳи сешанбе 14 паҳподи сохти Эрони неруҳои Русияро сарнагун кардааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

