Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБишкеку Маскав дар соҳаи макроэлектроника ҳамкорӣ карданианд

Бишкеку Маскав дар соҳаи макроэлектроника ҳамкорӣ карданианд

Рӯзи панҷшанбе дар Бишкек миёни Қирғизистон ва Русия як ёддошт дар бораи ҳамкорӣ дар тавлиди мавод барои саноати макроэлектроникӣ ба имзо расид. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Қирғизистон (IEC) хабар додааст.

Гуфта мешавад, ҳадафи ёддошт ҳамкории мутақобилан судманди ҷонибҳо дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи микроэлектроника, аз ҷумла бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ барои ниёзҳои саноати электроникӣ ва таҷҳизоти технологии марбута мебошад.

Бино ба иттилои манбаъ, ин санад дар чаҳорчӯби конфронси илмӣ-амалии «Ҳамкориҳои илмию техникӣ ҳамчун заминаи рушди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар шароити чолишҳои нави иқтисодӣ: тамоюлҳо ва дурнамои рушд» дар Бишкек ба имзо расидааст.

Коршиносон мегуянд, Русия кушиш дорад, корхонаҳои истеҳсолиашро, ки дучори таҳрим шудаанд, ба кишварҳои Осиёи Миёна муваққатан кучонад ва тавассути ин кишварҳо таҳримро давр занад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular