Гулбиддин Ҳикматёр эълон кард ду нафаре, ки қасди террори ӯро доштанд, тоҷикистонӣ будаанд. Дар ҳамин ҳол мақомоти расмии Афғонистон изҳориназаре дар ин бора накарда ва ҳанӯз расман омилони ҳамларо эълон нанамудаанд.
Роҳбари “Ҳизби исломии Афғонистон”, ки ҳанӯз аз замони ҳамлаи Шӯравӣ аз қумондонҳои маъруф ва ҳамчунин яке чеҳраҳои ҳамешаҷанҷолии ин кишвар мебошад, дар хутбаи намози ҷумъа, рӯзи 9-уми декабр гуфтааст, ки нафароне, ки ба ҷони ӯ сӯйиқасд карданд, тоҷикистонӣ будаанд. Дар ин бора хабар медиҳад.
Дар навори кӯтоҳе, ки ин дар канали телеграмии хабаргузлоӣ нашр кардааст, Гулбиддин Ҳикматёр мегӯяд:
“Таҳқиқоти ибтидоӣ нишон медиҳад, ки ду террорист, тоҷикистониянд, афғон нестанд. Яъне гурӯҳи террористӣ натавонистааст, ки касеро аз миёни афғонҳо омода кунад, ба ин навъи амалиёт. Бояд маълум шавад, ки чаро тоҷикистониянд, чаро на афғон. Байрақи сиёҳи ДОИШ низ аз дасти ҳамкору муҳофизи террористи интиҳорӣ ба даст омад”.
Ин суханони Гулбиддин Ҳикматёр дар ҳоле гуфта мешавад, ки то ҳол мақомоти расмии гуруҳи Толибон* оид ба ин таркиш ва сабабу омилони он мавқеи расмии худро баён накардаанд. Ҳамчунин, натиҷаи ҳеҷ тадқиқоте расонаӣ нашудааст. Яъне, Ҳикматёр тоҷикистониёнро дар ин ҳамла шарик карда, аммо ҳеҷ далелеро пешниҳод накардааст.
Ин суханони Гулбиддин Ҳикматёр дар шарҳи ҳамлаи мусаллаҳонае гуфта шудааст, ки 2-юми декабр, дар масҷиди “Ҳизби исломии Афғонистон”, воқеъ дар дафтари марказии ин ҳизб дар Доруламон, дар ҳавзаи шашуми амниятии шаҳри Кобул, рух дод.
Тибқи иттилои расонаҳои Афғонистон бар асари ин ҳамла, як тан кушта ва ду тани дигар захм бардоштанд. Ҳамчунин, худи нафарони ҳамлавар низ кушта шуданд.
Он замон “Ҳизби исломии Афғонистон” бо интишори баёнияе гуфта буд, ки дар ин ҳамла ба Ҳикматёр ва дигар раҳбарони ҳизб осебе нарасидааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

