Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМутаваллидони соли 2008 ба баъд Зеландияи Нав дигар иҷоза надоранд сигор кашанд

Мутаваллидони соли 2008 ба баъд Зеландияи Нав дигар иҷоза надоранд сигор кашанд

Парлумони Зеландияи нав рӯзи сешанбе тасвиб кард касе, ки пас аз соли 2008 мутаваллид шуда бошад, дигар иҷоза надорад сигор ё тамоку бихарад. 

Ин қонун, ки аз шурӯъи соли нав иҷрот мешавад, гоме дар ростои ҳазфи ҳамешагии тамоку аз ҷомеа аст ва ҳар сол шумори касоне, ки иҷоза доранд сигор бикашанд, дар Новая Зеландия камтар мешавад. 

Бо иҷрои ин қонун, дар соли 2050, зеландиягиҳои 40 сола иҷозаи хариду масрафи сигор ва тамоку нахоҳанд дошт. 

Аиша Верралл, вазири беҳдошти Зеландияи нав, ки лоиҳаи мамнуъияти фурӯши фаровардаҳои тамоку ба насли ҷавонро ба парлумон пешкаш кардааст, бовар дорад, ки ин қонун, як гом ба сӯи ояндаи бидуни сигор аст. 

Доктор Верралл гуфт, ки бо иҷрои ин қонун “ҳазорон нафар умри тӯлонитар хоҳанд дошт ва солимтар зиндагӣ хоҳанд кард”. 

Вазири беҳдошти Зеландияи нав ҳамчунин гуфт коҳиши тадриҷи масрафкунандагони тамоку, боиси кам шудани бемориҳои ношӣ аз масрафи сигорзо хоҳад шуд ва соле панҷ миллиард доллари Зеландия (3.2 миллиард доллари Амрико) ба низоми дармонии ин кишвар суд хоҳад расонд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular